ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Таи соли охир шумораи ҷангиёни Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Сурия ва Ироқ кам шудааст, иттилоъ дод директори Хадамоти марказии кашфи ИМА Джон Бреннан.
"Тибқи маълумоти хадамот дар Ироқ ва Сурия айни замон аз 18 то 22 ҳазор ҷангӣ вуҷуд доранд. Ин рақам нисбати соли гузашта албатта камтар аст",-гуфт ӯ зимни суханронӣ.
Ба гуфти ӯ шумораи террористони Давлати исломӣ дар Ливия 5-8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
© Инфографика"Давлати исломӣ"
"Давлати исломӣ"
© Инфографика