ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Чанде пеш дар Душанбе нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон баргузор шуд, ки дар чорчӯби он ҳамчунин ҳамоиши корофаринони ду кишвар бар по шуд. Дар паи ин ҳамоиш ширкатҳои санъативу бозаргонии ду кишвар қарордодҳое ба маблағи куллии 35 милюн дулор бастанд, ки яке аз онҳо тавофуқномаи хариду фурӯши худравҳои "Ravon" миёни ширкатҳои "Тоҷ Моторс" ва "Узавтосаноат" аст.
Қарор аст дар наздиктарин моҳҳо намояндагии корхонаи худравсозии "Ravon" дар Тоҷикистон боз шавад. Коршиноси мустақил Фирӯз Саидов бар ин бовар аст, ки худравҳои "Ravon" дар бозори Тоҷикистон харидор хоҳанд дошт.
"Ин худравҳо, эҳтимолан, арзонтар аз дигар худравҳо фурӯхта шаванд. "Ravon" дар Тоҷикистон харидор дорад, зеро нисбат ба дигар худравҳо камтар ҳавоолудакунанда ва арзонтар аст", — мегӯяд Саидов.
Ин иқтисоддон таъкид кард, ки худравҳои савории сохти Узбакистон на танҳо дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ хуб фурӯхта мешаванд, балки онҳоро дар Русия низ бисёр мехаранд.
"Аз ин рӯ фикр мекунам, ки худравҳои "Ravon" дар Тоҷикистон низ хуб фурӯхта хоҳанд шуд. Бисёре мехоҳанд ин худравро бихаранд", — мегӯяд вай.
Фирӯз Саидов ҳамчунин афзуд, ки харидорон дар Тоҷикистон низ пеш аз ҳама қимати худравро нигоҳ мекунанд, вале дар ҳар сурат, худравҳои саворӣ дар кишвар ҳамеша харидор доштаву доранд.