Ортиқовро расман дар ҳамлаи теруристӣ дар метро айбдор карданд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСодиқ Ортиқов-шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи теруристӣ дар Петербург айбдор мешавад
Содиқ Ортиқов-шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи теруристӣ дар Петербург айбдор мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳимоятгари Ортиқов айбдории ӯро рад карда гуфт, ки муфаттишон барои муттаҳам кардани шаҳрванди Тоҷикистон далел надоранд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов расман дар даст доштан дар ҳамлаи теруристии метрои Петербург айбдор дониста шуд.

Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости Содиқ Ортиқов аз рӯи моддаи "теруризм" ва "гардиши ғайриқонунии аслиҳа"-и Кодекси ҷиноии ФР мутаҳҳам дониста мешавад.

Ҳимоятгари Содиқ айбдории ӯро рад карда мегӯяд, ки муфаттишон барои айбдор кардани мизоҷаш далел надоранд.

"Дар манзили Ортиқов тафтишот гузаронида шуд, вале дар ин хона ӯ танҳо ба сар намебарад. Ва силоҳи дарёфтшуда ба ӯ таааллуқ надорад",-гуфт ҳимоятгар.

Содиқ Ортиқов дар суд - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми боздошти Содиқ Ортиқовро бозрасӣ мекунад

Дар навбати худ Ортиқов низ айбдориашро рад кард.

Додгоҳи Басмании шаҳри Маскав дар авоили моҳи апрел бо ҳукме яке аз муттаҳамон ба омодасозии инфиҷор дар метрои Петербург — Содиқ Ортиқовро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, то 3-уми июн боздошт карда буд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Петербург бо гумони даст доштан дар ин инфиҷор шаш муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ — Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳидинов, Баҳром Эргашев, Азимҷон Маҳмудов, Маҳмадюсуф Мирзоалимов ва дар шаҳри Маскав — Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Дертар ФСБ Русия хабар дод, ки яке аз муттаҳамон ба омодасозии он инфиҷорро дар ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав боздошт шуд.

Эҳтимол меравад, ки Аброр Азимов муттаҳами аслӣ дар ин ҷиноят Акбарҷон Ҷалиловро омода кардааст. Дертар хадамот дар бораи дастгир шудани бародари Аброр Азимов — Акрам хабар дод. Бозҷӯён ӯро муттаҳам ба ҳаволаи пул ба теруристҳо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0