ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав қонунӣ будани ҳукми боздошти Содиқ Ортиқов — яке аз муттаҳамон ба омодасозии инфиҷор дар метрои Петербургро бозрасӣ мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.
Додгоҳи Басмании шаҳри Маскав дар авоили моҳи апрел бо ҳукме яке аз муттаҳамон ба омодасозии инфиҷор дар метрои Петербург — Содиқ Ортиқовро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, то 3-уми июн боздошт карда буд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар шаҳри Петербург бо гумони даст доштан дар ин инфиҷор шаш муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ — Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳидинов, Баҳром Эргашев, Азимҷон Маҳмудов, Маҳмадюсуф Мирзоалимов ва дар шаҳри Маскав — Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.
Дертар ФСБ Русия хабар дод, ки яке аз муттаҳамон ба омодасозии он инфиҷорро дар ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав боздошт шуд.
Эҳтимол меравад, ки Аброр Азимов муттаҳами аслӣ дар ин ҷиноят Акбарҷон Ҷалиловро омода кардааст. Дертар хадамот дар бораи дастгир шудани бародари Аброр Азимов — Акрам хабар дод. Бозҷӯён ӯро муттаҳам ба ҳаволаи пул ба теруристҳо кардаанд.