Бритониё-Тоҷикистон ва Русияро барои сайёҳат хатарнок хонд

© Фото : SputnikНавруз дар маркази Исмоилиёни Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Навруз дар  маркази Исмоилиёни Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Бритониё Тоҷикистон, Русия, Украина, Гурҷистон, Уганда, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Арманистон ва Анголаро барои сайёҳат хатарнок хонд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Бритониё Тоҷикистонро яке аз кишварҳои пурхатар барои сайёҳон унвон кард.

Бино ба иттилоъи The Independent дар маҷмӯъ ҳукумати Бритониё ба шаҳрвандонаш сафар ба 39 кишвари дунёро бидуни зарурат тавсия надодааст.

Ҳамин тариқ Тоҷикистон, Русия, Алҷазоир, Эрон, Судон, Украина, Гурҷистон, Уганда, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Арманистону Ангола аз минтақаҳои хатарнок барои сайёҳат унвон шудаанд.

Музаффари Имомдод дар назди кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?

Ин ниҳод комилан мухолифи сафари бритониёиҳо ба Афғонистон, Яман, Ироқ, Тунис ва Сомалӣ шудааст.

Дар баробари кишварҳои хатарнок ҳукумати Биртониё давлатҳои амнтаринро низ ном бурдааст, ки Австралия дар сархати он ҷой гиритфа ва кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Осиё ва Африқои Ҷанубӣ ин рӯйхатро пур мекунанд.

Пештар коршиносони ширкати International SOS ва Control Risks хатарноктарин минтақаҳои сайёҳиро барои соли 2017 муайян карданд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистонро коршиносони соҳаи сайёҳӣ ба рӯйхати хатарноктарин кишварҳо барои сайёҳат дохил карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0