ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. РИА Новости дар бораи иҷроӣ шудани маҳдудиятҳои ҷорикардаи Вазорати таробарии Тоҷикистон нисбат ба парвозҳои ин ду ширкати русӣ хабар медиҳад.
Бино ба ин гузориш, ҳафт парвози ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон аз соати 05:30 6 апрел лағв мешаванд.
"Ин маҳдудият дар посух ба тасмимоти Вазорати таробарии Русия ҷорӣ мешавад, ки чанде пеш ҳафт парвози "Сомон Эйр" аз Хуҷанд ва Душанбе ба Маскавро лағв кард", — тавзеҳ додааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.
Ёдовар мешавем, ки баҳсҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия пас аз лағви парвозҳои "Сомон Эйр" ба Маскав оғоз шуданд.