ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанг, ҳадаф аз баргузории чунин мулоқот пешгирӣ аз ришваситонӣ, суъистифода аз симат ва дигар намудҳои фасод мебошад.
Дар ин дидор кормандони Агентии мубориза бо фасод ва намояндагони вазорати фарҳанги ҶТ аз ҷумла вазир Шамсиддин Орумбекзода ширкат карданд.
Вазир дар суханронияш таъкид кард, ки барои мубориза бо фасод бояд ҳама қишрҳои ҷомеа ҷалб шаванд.
"Муҳимтар аз ҳама дар зеҳни мардум афкори зиддикоррупсиониро ташаккул додан аст. Зеро муқовимат бо коррупсия, паст намудани сатҳу шиддати он, пеш аз ҳама аз шуъурнокӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, муборизаи фаъол ва дастаҷамъонаи афроди ҷомеа бо ин падидаи номатлуб вобастагӣ дорад", — гуфт вазири фарҳанг.
Сарнозири Раёсати кулли пешгирӣ аз фасод дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Абдукарим Маҷидӣ ва нозири ин раёсат Фаромарз Раҳмонзода низ суханронӣ намуда, оид ба хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳи ногувори он маълумот доданд.
Намояндагони Агентии мубориза бар зидид коррупсия ҳамчунин масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани онро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Мақсади баргузории чунин вохӯрӣ пешгириипайомадҳои зуҳуроти номатлуби ҷоме, амалҳои коррупсионӣ, суиистифода аз вазифа, гирифтани пора гуфта мешавад.