Аз мост, ки бар мост: шарҳи расмӣ оиди вайроншавии роҳи Айнӣ-Панҷакент

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкТаъмири роҳ. Акс аз бойгонӣ
Таъмири роҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қариб 60 метри роҳи Айнӣ-Панҷакент вайрон шуда, ҳаракати нақлиётро банд кардааст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон қисме аз шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент, ки соле қабл сохтусоз шуда буд, вайрон шудааст.

Вазорати нақлиёт сабаби фурӯравии роҳро омӯхта онро ба намгирии аз ҳад зиёди замин ва заминларза рабт медиҳад.

"Сабаби асосии фруравии теппаро  коршиносони ПИТ ЛК ва вазорати нақлиёт аз ҳад зиёд нам гирифтани қабати хокии теппа меҳисобанд, ки муҳлати баамалоии тӯлонӣ дорад. Сабабҳои дигараш дар натиҷаи гузаштани мошинҳои гаронвазн ва заминҷубӣ ба ҷунбиш даромадани роҳ ва аз тарафи обпартои чап шуста шудани қабати болоии он маънидод мекунанд",-омадааст дар гузориши расмӣ, ки дар саҳифаи равобити умуми вазорат нашр гардидаааст.

Таъмири роҳ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати таробарии Тоҷикистон роҳҳои кишварро навсозӣ хоҳад кард

Манбаъ меафзояд, ки фуруравии теппа ва вайроншавии роҳ ҳоло ҳам фаъол аст.  

Комиссияе, ки аз ҷониби вазорати нақлиёт ташкил шуд, рӯзи  18 апрели аз  33 + 700 — километрии роҳи автомобилгарди Айнӣ — Панҷакент санҷид.

Гуфта мешавад, ки ин роҳ дар мавриди корҳои имконсанҷӣ яке аз минтақаҳои хатарнок баҳогузорӣ гардида буд. Аммо бо мақсади он, ки  ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ душвор нагардад, ҳангоми таҷдиди он қабати болоии роҳ мумфарш гардида буд.

Коршинсон мегӯяд, ки фурӯравии роҳ ҳоло ҳам идома дорад ва мутахассисон интизори пурра фурӯ рехтани роҳ ҳастанд, то битавонанд онро дубора таъмир кунанд.

Лентаи хабарҳо
0