ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазорати таробарии Тоҷикистон дар нақша дорад ки то поёни соли 2017 чаҳор тарҳи таъмиру навсозии роҳҳоро иҷро кунад.
Бино ба гузориши вазорати таробарӣ, дар назар аст ки роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа ва бахшҳое аз роҳи Кӯлоб — Дарвоз, аз ҷумла Кӯлоб — Шамсиддини Шоҳин ва Шкев — Қалъаи Хумб таъмиру бозсозӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Бонки тавсеъаи Осиёӣ 319 милюн дулор сармоя дар чорчӯби барномаи ёрирасониҳои молӣ барои солҳои 2017-2019 дарёфт кардааст.
Бахше аз ин сармоя барои таъмири роҳҳои кишвар ҳазина карда хоҳад шуд. Бақияро дигар барои фароҳамсозии шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва таъмини амнияти хӯрокӣ ва рушди бахши энержӣ сарф хоҳанд кард.
Пеш аз ин Бонки тавсеъаи Осиёӣ ва Тоҷикистон тавофуқномае ба арзиши куллии 100 милюн дулор барои иҷрои ду тарҳ имзо карда буданд: яке тарҳи беҳсозии роҳи 105-килоуметрии Душанбе — Қӯрғонтеппа ва дигаре тарҳи беҳсозии мудирияти захираҳои обӣ дар обхези рӯди Панҷ.
Ҳамчунин порсол тирамоҳ ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа ва Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё маблағе вом гирифта буд то хиёбонеро дар шаҳри Душанбе бозсозӣ кунад.