ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои дохилии ҶТ кормандони милитсия дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, Умаров Салимҷон сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо қочоқи 336 кило моҳӣ дасгир намуданд.
Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", рақамаи давлатиаш 78 41 РР 02, аз вилояти Суғд ба Душанбе ғайриқонунӣ моҳӣ интиқол додааст.
Ҳангоми азназаргузаронии дохили автомашина муайян гардид, ки дар зери дигар анвои хӯрока 336 кг моҳиро ронандаи автомашинаи мазкур ғайриқонунӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол дода, мехост онро дар пойтахт ба фурӯш гузорад.
Нисбати амали ғайриқонунии Умаров аз ҷониби кормандони ҳиязи ҳуқуқ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
© Фото : Аз равобити умуи вазорати корҳои дохилии ҶТТартиб додани протоколи маъмурӣ нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Тартиб додани протоколи маъмурӣ нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров