ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Кормандони фаврии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиши навбатии воридоти ғайриқонунии сигарет (тамоку) аз Афғонистон ба Тоҷикистонро пешгирӣ намуданд.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод менависад, аснои муоинаи гумрукии автомашинаи боркаши тамғаи "Дулон" мутаалиқ ба сокини шаҳри Қургонтеппа А. А., аз дохили халтаҳои шакар дар бордони автомашина 6 қутии калони дорои 300 қуттӣ (блок) маҳсулоти тамокугии тамғаи Pine истеҳсоли давлати Корея ошкор ва мусодира карда шудааст.
Ба иттилоъи расмӣ, соҳиби бор ин миқдор маҳсулоти тамокугиро тариқи пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карданӣ будааст.
Дар ҳоли ҳозир нисбати ин далел парвандаи маъмурӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.