ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар вилояти Владимири Русия дар рафти боздошт аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ кушта шуданд.
Тибқи ахбори ФСБ онҳо мехостанд дар ҳудуди Русия инфиҷор ба амал оранд.
Чуноне ки ин маълумот аниқ карда мешавад, ду шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ соли таваллудашон 1991 ва 1987 ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона бо кормандони ФСБ Русия кушта шуданд. Касе аз нерӯҳои амниятӣ захм набардоштааст.
Чуноне ки ФСБ Русия эълом мекунад, "ин ду шаҳрванд бо гурӯҳҳои теруристӣ иртибот доштанд ва қасд доштанд ҷангафзору маводи тарканда омода карда, дар қаламрави Русия амалиёти теруристӣ анҷом диҳанд".
Афзун бар ин, хабар дода мешавад, ки дар паи баргузории амалиёти бозҷуст маводи кимиёӣ барои сохтани норинҷак, автомати АК-74, тапончаи ПМ ва лавозимоти ҷангӣ ёфт шуд.
Бозҷӯёни раёсати ФСБ Русия дар вилояти Владимир барои пайгирии ин қазия парванда оғоз кардаанд.