Нерӯҳои марзбонии ҶТ: Марзбонони Узбакистон шаҳрванди Тоҷикистонро куштаву парвандасозӣ мекунанд

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкМарзбони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Марзбони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои марзбонии ҶТ мегӯянд, Узбакистон бо муттаҳам кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба марзшиканӣ ва ҳамла ба марзбонони узбак парвандасозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон аз дасти марзбонони узбак кушта шуд.

Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, намояндагони Кумитаи марзбонии Созмони амнияти миллии Узбакистон, мегӯянд, ки  аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон таҳти ҳамла қарор гирифта, маҷбур шуданд аз силоҳ истифода кунанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин қазия марзбонони узбакро муттаҳам кардааст.

Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Тасмаҳои бехатарӣ” дар гирдогирди Узбакистон: стратегияи Мирзиёев то соли 2021

Манбаъ гуфтааст, ки марзбонони узбак 15 апрел ҳудудан соати 17:30 то 100 метр ба дохили марзи Тоҷикистон ворид шуда, ба се сокини рустои Шулум, ки говчаронӣ доштаанд, бо силоҳ ҳамла кардаанд.

Дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст, ки дар раванди бозҷӯӣ ошкор шуда, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чорворо назди марзи муштарак ба чаро бурдаанд. Дар ин вақт ду марзбони узбак бо мақсади боздошти чӯпонҳо аз марз гузашта то 100 метр ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.

"Шаҳрвандони Тоҷикистон ин ҳолро дида, талош кардаанд, чорворо ба дарунтари қаламрави Тоҷикистон биронанд, аммо аз ҷониби марзбонҳо дастгир шудаанд. Онҳо ба марзбонҳои узбак гуфтаанд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва аз ин амали ғайриқонуниашон ба сардори дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Яке аз марзбонҳо аз ин ҳарфҳо хашмгин шуда ва аз масофаи 3 метр тир холӣ кардааст.

Дар натиҷа шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимов Аслиддин Абдуҷаборович аз ҷароҳати бардошта ба ҳалокат расида, бародараш аз дасти рост ва пояш захм бардоштааст".

Вале Кумитаи марзбонии Созмони амнияти миллии Узбакистон ҳамоно шаҳрвандони Тоҷиккистонро мутаҳҳам карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Лентаи хабарҳо
0