ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев стратегияи миллии рушди кишварро аз соли 2017 то 2021 тасдиқ кард, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
"Стратегия оид ба 5 афзалияти рушди Ҷумҳурии Узбакистон дар солҳои 2017-2021 тасдиқ карда шавад",-омадааст дар фармони президент.
Барои рушди ҳар соҳа як сол ҷудо карда мешавад. Барои ин барномаи махсуси давлатӣ омода шуда, ҳамин тавр Мирзиёев мехоҳад ба ҳадафҳои гузоштаи худ бо 5 қадам бирасад.
Мувофиқи ҳуҷҷат Узбакистон 5 соли оянда ба азнавсозии идоракунии давлатӣ, низоми судӣ, либерализатсияи иқтисодиёт, ислоҳот дар соҳаи иҷтимоӣ ва риояи принсипҳои сиёсати хориҷӣ машғул мешавад.
Вобаста ба нуқтаи охири матни стратегия, гуфта мешавад, ки дар сиёсати хориҷӣ Узбакистон ба таҳкими истиқлолият ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар, инчунин таъсиси "тасмаҳои бехатарӣ" дар гирдогирди Узбакистон машғул хоҳад шуд.
Татбиқи стратегияи "тасмаҳои бехатарӣ"-ро Мирзиёв бар дӯши комиссияи миллӣ вогузор карда, фармон дод, ки ҷиҳати татбиқи дигар самтҳо низ комиссияҳои алоҳида ташкил карда шаванд.
Барои рушди ҳар соҳа як сол ҷудо карда мешавад. Барои ин барномаи махсуси давлатӣ омода шуда, ҳамин тавр Мирзиёев мехоҳад ба ҳадафҳои гузоштаи худ бо 5 қадам бирасад.