ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон, дирӯз дар вазорат ҷаласаи баррасии фаъолияти нерӯҳои интизомии кишвар баргузор шуд.
Дар рафти ҷаласа муовинони вазир самтҳои гуногуни фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳлил карда, дар бораи фаъолияти нозирони минтақаӣ ва дигар кормандон ба вазир гузориш доданд.
Гузоришгарон таъкид карданд, ки бархе аз нозирони минтақаӣ дар заминаи огаҳирасонӣ ва тавзеҳдиҳӣ ба мардум камкорӣ мекунанд.
Вазири корҳои дохилӣ сипаҳбад Рамазон Раҳимзода бар пояи ин гузоришҳо барои бартараф кардани камбуду норасоиҳо дар фаъолияти хидматӣ, пешгирӣ ва мубориза бо табаҳкориҳои созмонёфта, теруризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, базаҳкории кӯдакону ҷавонон ва пайвастани шаҳрвандон ба ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ дастуру супоришҳо дод.