Вазифаи нави милисаҳои тоҷик: “ҳар моҳ бояд театр раванд”

Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мехоҳад маърифати фарҳангии кормандонашро бештар кунад

ДУШАНБЕ, 12  апр — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода милисаҳои тоҷикро муваззаф кардааст, ки ҳар моҳ ҳаддақалл як бор театр раванд.

Дафтари матбуотии ВУД ҶТ хабар медиҳад, ки вазири умури дохила дастур дода кормандони пулис бояд ҳар моҳ як бор театр раванду намоишномаҳоро тамошо кунанд.

Гуфта мешавад, ки тамошои "иҷбории" намоишҳо агар аз як сӯ маърифати фарҳангии милисаҳоро бештар кунад, аз дигар сӯ хастагиро бартараф мекунад.

Дар ин росто ВУД ҶТ чанде пеш гурӯҳе аз кормандони милисаи шаҳри Душанберо барои тамошо ба яке аз намоишсароҳои пойтахт фиристода буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Рамазон Раҳмизода дастур дода буд милисаҳои фарбеҳ бояд изофавазнашонро кам кунанд.

Лентаи хабарҳо
0