Дар Хоруғ шаҳраки ҷадид бунёд мешавад

Обуна шудан
Ин шаҳрак, ки дар масоҳати 260 гектар сохта мешавад, биноҳои 4-5 табақа, ҳавлиҳои маскунӣ ва биноҳои 9 табақа бо куллияи шароит ва шамчунин корхонаҳову биноҳои маъмурӣ бунёд мешаванд.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Шаҳраки ҷадид дар мавзеъи Тем дар Хоруғ бунёд мешавад ва санги нахустини онро рӯзи панҷшанбе раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузошт, хабар медиҳад сомонаи раёсати ҷумҳурӣ.

Шаҳрак дар масоҳати 260 гектар бунёд мешавад.

"50 дарсади масоҳати шаҳраки ҷадид, ки дар соҳили рӯдхонаи Панҷ воқеъ аст, аз манозили маскунӣ бо масоҳати 300 ҳазор метри муррабаъ ташкил медиҳад", — омадааст дар хабар.

Дар Хоруғ эҳдоси театр бо 500 ҷойи нишаст шурӯъ шуд

Дар шаҳрак манозили маскунӣ ва биноҳои 4,5 ва 9 табақа сохта мешаванд.

Барои анҷоми умури пажӯҳишӣ, заминшиносӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 930 ҳазор сомонӣ ихтисос шудааст. Барои умури омодагӣ барои бунёди шаҳрак дар назар аст 130 миллион сомонӣ ихтисос шавад. Феълан нақшаи кулли шаҳрак таҳия мешавад.

Дар маҳаллаи ҷадид сохтмони куллияи зербаноҳо — иҷтимоӣ, маишӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дар назар аст. Корхонаҳои тавлидотӣ ва биноҳои маъмурӣ сохта мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0