Вақте пизишк “одамкуш” мешавад...

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкШприц, архивное фото
Шприц, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хабари ВКД Тоҷикистон дар бораи марги кӯдаке дар пайи саҳлангории пизишке дар шаҳри Хуҷанд вокунишҳои бисёре дар пай дошт. Бархе мегӯянд, чунин рухдодҳое боварии мардум ба табибонро бештар аз пеш коста мекунанд

Рӯйдоде ба ёдам омад..

Донишҷӯи соли чаҳорум ки издивоҷ кардаму сипас духтардор шудам. Замоне ки духарчаам думоҳа буд, ӯро ба назди пизишки оилавии яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе бурдам.

Пизишк кӯдакамро назорат карду, гуфт:

"Тифл солим аст. Рафта аз эмкунонӣ гузаронед. Бояд дар думоҳагӣ эм карда шавад".

Хуллас кӯдакро бурда сӯзандору гузаронидем ва ба хона баргаштем.

Аммо таби кӯдак якбора баланд шуду гиря кардан гирифт. Пизишки дармонгоҳро занг задему духтарчаамро гирифта шаби боронӣ ба беморхонаи Қаряи Боло рафтем. Ба шӯъба қабул даромадем. Вазъиятро фаҳмонидам. Гуфт сӯзандору мекунем.

Ҳангоме ки кӯдакро ба наздаш мебурдам, ба назарам чунин намуд, ки ҳамшираи шафқат мекалавид. Фикр кардам ланг аст. Ба наздаш рафтаму фаҳмидам, ки маст аст. Аз даҳонаш бӯйи арақ меомад. Зуд кӯдакро гирифтаму фиғонам баромад.

Ё сахт ба эҳсосот дода шудам ва ё кори дуруст кардаму кӯдаки худро аз чанголи ҳамшираи масту аласт ва духтури маст(!) халос кардам ва аз он ҷо гурехтам..

Вале ҳамон шаб ҳоли кӯдакам бадтар шуду саранҷом дар бахши бемориҳои вогири бемористони шаҳри Душанбе бистарӣ шудем ва танҳо пас аз як ҳафта берун омадем…

Қазия дар Хуҷанд

Чанде пеш Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як пизишк хабар дод.

Бино бар гузориши манбаъ, боздоштшуда пизишки яке аз бемористонҳои кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд буда, ки дар анҷоми вазифаи худ саҳлангорӣ карда ва кӯдаки дармонҷӯеро таботат накардааст, ки дар натиҷа тифли 2-сола даргузашта аст.

Аммо дар хабари ВКД Тоҷикистон аз он пизишк ном набурдаанд ва нагуфтаанд ки ин қазия дар кадом дармонгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯй додааст. Дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд ин хабарро таъйид карданд, вале нагуфтанд ки он дақиқан дар кадом муассиса рух додааст.

Аммо яке аз манбаҳои Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ин қазия дар бемористони рақами 1 шаҳри Хуҷанд рӯй додааст.

Дар таваллудхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ: дар Тоҷикистон фавти кӯдакон то 2 маротиба кам шудааст

Дар беморхонаи МАН рух надодааст

Дар паи тамос ба ин бемористон, гуфтанд ҳамин ҳоло сардухтур наметавонад саволи шуморо посух диҳад.

Аммо гуфтанд: "Аз Вазорати тандурустӣ касоне омадаанд ва сардухтурамон дар маҷлис аст".

Пас аз чанде тавонистем бо бо худи сарпизишки он бемористон Турахонов тамос ҳосил кунем ва ӯ гуфт, ин қазия дар дар беморхонаи "вай" рух надодааст ва он умуман шуъбаи кӯдакона надорад.

"Дар беморхонаи МАН (!) ин гуна ҳодиса рух намедиҳад", — кӯтоҳакак ҷавоб дод вай ба саволи мо.

Маърифати паст доранд

Дар пайгирии ин қазия мо бо мудири пешини раёсати тандурустии вилояти Суғд дар тамос шудем.

Абдусалим Ваҳҳобзода гуфт дар ин бора раёсат ҳануз ин хабарро дақиқ накардааст.

"Ин гуна хабар ба мо ҳам расид. Аммо мо муайян карда натавонистем, ки дар кадом беморхонаи шаҳри Хуҷанд ин ҳодиса рух додааст", — гуфт вай дар посух ба саволи мо.

Вай афзуд, солҳои охир базаҳкориҳо дар миёни табибон ду баробар камтар шудаанд. "Аммо ин гуна ҳолатҳо, аз ҷумла баъзан порагирӣ байни табибон дида мешавад".

 "Порагирӣ дар бемористонҳо вилоят нисбатан кам шудааст. Зеро чораҳо андешида шудаанд. Стратегияи мубориза зидди корупсия низ  қабул карда шудааст", — таъкид дошт вай.

Ба гуфтаи Абдусалим Ваҳҳобзода, духтуре, ки ба ин кор даст задааст, агар симате дошта бошад, аз он сабукдӯш мешавад.

"Мо қарори судро иҷро мекунем ва дар байни коллектив муҳокима мекунем ва аз дигарон даъват мекунем, ки ба ин кор даст назананд", — гуфт вай дар суҳбат бо мо.

Ба гуфтаи Ваҳҳобзода,  ин гуна кормандон маърифати паст доранд ва даст задан ба ин гуна амалҳо аз инсофи ҳар як пизишк вобаста аст.

Агар дар Хуҷанд шуда бошад…

Ҳарчанд сарпизишки бемористони рақами 1 шаҳри Хуҷанд, Тӯрахонов "дар беморхонаи Ман ин ҳодиса рух надодааст" гӯён хуро аз "бало" халос кард, аммо дуктур Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав, ки узви Шурои миллиятҳо дар шаҳрдории Маскав аст, мегӯяд, рух додани  ин гуна ҳодиса дар шаҳри Хуҷанд, ки яке аз марказҳои фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, воқеан фоҷеа аст.

"Агар ин ҳодиса дар Хуҷанд, ки маркази қадимаи фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб меравад, рух додааст, пас дар бораи низоми тандурустии Тоҷикистон дигар чӣ метавон гуфт?", — мепурсад Абдулло Давлатов.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз зиёд шудани ҷинояткориҳо дар вилояти Суғд нигарон шуд

Гунаҳкор танҳо пизишк нест

Ба фикри вай, ин ҳодиса сабабҳои худро дорад ва гунаҳкор дар ин ҷо як нафар нест.

"Барои чӣ кор то ин ҷо омада расидааст, ки  табиб ба бемор "нигоҳ" намекунад", — гуфт вай.

Ба гуфтаи Абдулло Давлатов дар Тоҷикистон музди кори пизишкҳо воқеан кам аст, ки маҷбур мешаванд дар фикри "хӯронидани хонавода" шаванд.

Дувум ин ки ҳар пизишке бояд дар панҷ сол як бор дар давраҳои донишафзоӣ бозомӯзӣ шавад, вале ин қоида дар кишвар риоят карда намешавад.

"Мо дар Маскав дар панҷ сол як бор аз давраи такмили ихтисос мегузарем ва гувоҳинома мегирем, ки битавонем фаъолияти худро давом диҳем. Барои ин ҳукумати Русия буҷаи зиёд сарф мекунад", — гуфт вай.

Вале дуктур Давлатов бар ин назар аст, ки мутахассисони ҷавон низ метавонанд боиси сар задани камбуд дар соҳаи тандурустӣ шаванд.

Агар як тарафи  масъала фасодзадагии ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои бонуфуз ба монанди Донишгоҳи тиббӣ бошад, масъалаи дигар аз ҷойи кор таъмин шудани мутахассисони омодашуда мебошад. Тағобозие, ки дар тамоми ниҳодҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад, ба бесаводон имконият медиҳад, ки соҳиби ҷойи кор шаванд ва ҷойи мутахассисони ҳақиқиро гиранд.

"Баъзан сари мизи ҷарроҳӣ "мутахассисоне" мераванд, ки тавони буридану дӯхтани бадани беморро надоранд, пас бемор ҳатман мемирад", — тасдиқ мекунад вай.

Бори аввал нест

"Ин ҳодиса бори аввал нест, ки рух медиҳад. Аз ҷумла солҳои пеш ҳам, духтурон дар яке аз ноҳияҳои ҷануби кишвар зани ҳомиларо то омадани "соҳибонаш" ва овардани пул қабул накарданд, дар натиҷа зан ҷон ба Ҷаббор супурд", — гуфт табиби тоҷик.

Ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ҳамин камбудиҳо дар соҳаи тандурустӣ мушкили аслӣ аст ва набояд танҳо гиребони табибонро гирифт.

"Хулоса, тамоми соҳаи тандурустии Тоҷикистон ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад", — гуфт вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Хабари ВКД Тоҷикистон дар бораи марги кӯдаке дар пайи саҳлангории  пизишке дар шаҳри Хуҷанд вокунишҳои бисёре дар пай дошт. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ саргузашти худ дар бемористонҳо ва бархурди пизишконро ба ёд оварданд.

Як парастор ё ҳамшираи шафқат дар суҳбат бо мо гуфт, пизишкони бемористони мо дигар ба ин гуна ҳодисаҳо аҳамият намедиҳанд, зеро зуд-зуд руй медиҳад. Ин падида як чизи оддӣ шудааст…

Пас, чӣ гуна метавон назди пизишкон бо умеди дармон ёфтан рафт?

Агар ҷомеа ба пизишкони худ бовар надошта бошад ва соҳаи тандурустии Тоҷикистон натавонад аз ин гуна воқеаҳо пешгирӣ кунад…. пас, марги шаҳрвандон аз "дасти" пизишкон дар Тоҷикистон падидае маъмулӣ мешудааст…

Лентаи хабарҳо
0