Вазири тандурустӣ: дар Тоҷикистон фавти кӯдакон то 2 маротиба кам шудааст

© Sputnik / Сергей Красноухов / Гузариш ба медиабонкДар таваллудхона. Акс аз бойгонӣ
Дар таваллудхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фавти навзодон ва модарон дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2000-ум 2-2,5 маротиба кам шудааст, изҳор дошт вазири вазорати тандурустии ҶТ Нусратулло Салимзода дар ҳамоиши байналмиллалии “Ҳифзи саломатии модару кӯдак”.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба гуфти вазири вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин фавти модарон низ рӯ ба таназзул дорад.

Танҳо дар давоми соли ҷорӣ бо дастгирии ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ 50 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

"Мо дар якчанд самтҳо аз ҷумла ҳифзи саломатии модару кӯдак кор мекунем. Ин барномаи бузург буда, асосан дар вилояти Хатлон роҳандозӣ мешавад. Ин барнома азнавсозии интшоот ва таҷҳизотҳои беморхонаҳои минтақавӣ низ дохил мешавад. Мо аллакай 4 бемористони минтақавии вилояти Хатлонро аз таъмир бароварда, акнун боз ду муассисаи тиббии дигари шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппаро таъмир мекунем",-гуфт зимни пешниҳоди гузориш масъули лоиҳаи бонки олмонии KfW Олга Гафеле.

Дар рафти конфронс ҳамчунни масъалаҳои ҳифзи саломатии занон ва модарон, баланд намудани стаҳи хизматрасонӣ дар ин соҳа ва ташхискунӣ муҳокима шуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳифзи саломатии ҷомеа аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, сербия, Литва ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Лентаи хабарҳо
0