Парвози торихии Тошканд - Душанбе 29 мусофирро ба Тоҷикистон расонд

© Sputnik / Амир ИсаевФурудгощи байналмиллалии Душанбе
Фурудгощи байналмиллалии Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саранҷом пас аз 25 сол ширкати мусофирбарии “Роҳҳои ҳавоии Узбакистон” имрӯз, 11 апрел парвоз ба кишвари ҳамсояро аз сар гирифт. Аз ин пас ҳафтае ду парвоз аз Тошканд ба Душанбе анҷом хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Намояндаи ширкатии "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" Орифҷон Рӯзимуродов хабар дод, ки нахустин мусофирон бо парвози торихии Тошканд-Душанбе ба Тоҷикистон расиданд.

Саранҷом пас аз 25 сол ширкати мусофирбарии “Роҳҳои ҳавоии Узбакистон” имрӯз, 11 апрел парвоз ба кишвари ҳамсояро аз сар гирифт. Аз ин пас ҳафтае ду парвоз аз Тошканд ба Душанбе анҷом хоҳад шуд.

"Имрӯз нахустин парвоз анҷом ёфт. Умедворем, ки парвозҳо ҳам барои шаҳрвандони Узбакистон ва ҳам Тоҷикистон роҳат мешаванд", — гуфт вай.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро бо пирӯзиаш муборакбод гуфт

Ҳавопаймо соати 08:00 ба вақти Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон нишаст. Парвоз ба Тошканд соати 11:30 сурат мегирад ва 14 мусофирро хоҳад бурд.

Парвозҳо бо ҳавопаймои А320, ки гунҷоишаш 100 мусофир аст, анҷом мешаванд.

Рафту омадҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ гардида буданд.

Дар ин 25 сол Тоҷикистону Узбакистон равобити тираву торе доштанд, аз ҷумла рафту омад миёни ду кишвар аз роҳи оҳан мушкил буд. Тошканд ин ҳама сол бо сохту сози НБО Роғун мухолифат мекард, ки гӯё обро ба рӯи кишоварзони узбак хоҳад баст. Дар паи ин баҳсҳо Узбакистонро дар соли 2001 барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводид ҷорӣ кард. Дар посух Тоҷикистон низ рафту омади озоди шаҳрвандони Узбакистонро бо раводид кард.

Аммо раисҷумҳури нави Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз оғози кораш беҳбуди равобит бо ҳамсояҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистонро яке аз самтҳои аслии сиёсати хориҷии худ қарор дод. Дар ин росто, дар поёни соли 2016 нахустин музокирот миёни Тошканду Душанбе дар масоъили марз ва обу барқ баргузор шуданд. Саранҷом дар нишасти Кумисюни ҳамкориҳои иқтисодиву бозаргонии Тоҷикистону Узбакистон, ки ноябри соли 2016 дар Душанбе баргузор шуд, тарафҳо тавофуқ карданд, ки дар соли 2017 рафту омади ҳавоӣ миёни пойтахтҳои ду кишвар аз сар гирифта шаванд.

Лентаи хабарҳо
0