Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро бо пирӯзиаш муборакбод гуфт

Обуна шудан
Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли хушнудӣ ва аз самими қалб ба Шумо беҳтарин табрикот ва таманниёти неки хешро ирсол медорам

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон яке аз аввалинҳо шуда, ба Шавкат Мирзиёев номаи шодбошӣ равон кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар барқияи шодбошӣ аз ҷумла омадааст, "интихоби Шумо ба ин маснади воломақому ҳамзамон сермасъул далели возеҳи ҷонибдории васеи мардуми Ӯзбекистон аз роҳи сиёсии интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба мунтазам боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа нигаронда шудааст".

Дар Тоҷикистон шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти шумо эҳтиром мегузоранд.

Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон интихоб гардид

Итминон дорам, ки идомаи ҳамкории судманду самаранок миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯи манфиатҳои асили мардумони мо мебошад. Халқҳои моро анъанаҳои чандинасраи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз даврони мутафаккирони бузурги Машриқзамин Ҷомӣ ва Навоӣ маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд.

"Нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани заминаи мусоиди мероси созандаи таърихии муносибатҳои мардумонамон бар дӯши мо  масъулияти бузургеро вогузор менамояд ва мо омодаем, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо саъю талошҳои заруриро ба харҷ диҳем",-омадааст дар иттилоия.

Ба шумо, мӯҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳҳатии комил, саодатмандиву хушрӯзӣ, дар фаъолияти давлатиатон дастовардҳои нав ба нав ба манзури рушду тараққии Ӯзбекистони дӯст ва ба мардуми барои мо бародари он сулҳу субот ва пешравии бардавом орзумандам.

Лентаи хабарҳо
0