Пулис дар Хуҷанд пизишкеро боздошт кард ки аз саҳлангорияш кӯдаке даргузаштааст

© Sputnik / Саид ЦарнаевКӯдак дар бемористон, акс аз бойгонӣ
Кӯдак дар бемористон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти пизишке дар Хуҷанд хабар доданд ки аз осонгириву нопайгирияш кӯдаки дусолае дар гузашта аст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар шимоли кишвар як пизишки бепарво ба ҷурми саҳлангорӣ дар анҷоми вазифа боздошт шудааст.

Марди 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки касби пизишкиро ихитиёр намуда, замоне қасам хӯрда буд, нисбати беморон ва касбаш беаҳамияти зоҳир намуда, боиси марги кӯдаки 2-сола шуд.

Гумонбаршуда, 12-уми марти соли 2017 ҳангоми навбатдориаш, духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул намуда, ҳангоми муоинаи тиббӣ гирифтори бемории илтиҳоби шадиди шушҳо бо варамии майнаи сарро муайян карда, воқеан муҳтоҷи табобат буданашро фаҳмида, ба иҷрои вазифаҳои худ бепарвоёна ва беинсофона рафтор намудааст.

Ваъдаи ҷоизаи 30 ҳазор сомонии ҳукумати Суғд ба табибон

Илова бар ин, бар хилофи тартиби муайянгардидаи соҳавӣ, барои бистарӣ намудани хурдсол чора наандешидааст.

Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол, бинобар сари вақт табобати зарурӣ нагирифтанаш, 14-уми март, вафот кардааст.

Манбаъ меафзояд, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Мутаасифона ин гуна ҳолатҳо дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон рӯй медиҳанд, ки амали ин гуна табибонро метавон танҳо хиёнат нисбати афроди ҷомеа нимид.

Фарзанд барои ҳар як падару модар меваи ширинест, ки қиммат надорад.

Аммо чӣ илоҷ, ки ин гуна табибон, аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ набаромада, на танҳо табобат намекунанд, балки боиси марги кӯдаки маъсум мешаванд.

Пас, имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон чӣ гуна метавонад ба ин гунапизишкон умед бандад?

Пештар хабар дода будем, ки духтури яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе бо ҷурми даст доштан ба ришваситонӣ дастгир шуд.

Ин табиб танҳо барои гузаронидани ҷарроҳӣ, аз бемор ғайриқонунӣ 600 сомонӣ талаб кард.

Лентаи хабарҳо
0