Ваъдаи ҷоизаи 30 ҳазор сомонии ҳукумати Суғд ба табибон

© Sputnik / Шоира ЮсуповаТабибони тоҷик аснои ҷарроҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Табибони тоҷик аснои ҷарроҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати вилояти Суғд барои муайян кардани беҳтарин муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқат озмуни вилоятӣ эълон кардааст.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Озмуни "Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин" ба муносибати эълон гаштани "Соли 2016-соли фарди солим" дар қаламрави вилояти Суғд баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ин вилоят.

Гуфта мешавад, ҳукумати вилояти Суғд бо ин роҳ ба нишондиҳандаҳои беҳтарин, инчунин беҳдошти ҳолати хизматрасонии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ноил шуданист.

Ҳадаф аз баргузории озмунро баланд бардоштани нуфузи эътибор, ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳаи тиб, тарғиби таҷрибаи муосири соҳа, ихтироот ва дастовардҳои нави илмию техникӣ, ки ба рушди соҳаи тандурустии вилоят мусоидат мекунанд, унвон менамоянд.

Дар озмун ҳар як муассисаи тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят новобаста аз шакли сохторашон, мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ иштирок карда метавонанд. Озмуни мазкур дар ду марҳила  дар сатҳи муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо ва дар сатҳи вилоят гузаронида мешавад.

Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин»-и соли 2016 дар ҷамъбасти иҷроиши Барномаи вилоятии «Соли 2016-соли фарди солим» моҳи ноябри соли 2016 сурат мегирад.

Дар асоси низомномаи озмун ба Муассисаи беҳтарини маркази вилоят — 30 000 сомонӣ, ба Беморхонаи марказии ноҳиявии (шаҳрии) беҳтарин- 30 000 сомонӣ, Беморхонаи минтақавии беҳтарин- 10 000 сомонӣ, Маркази саломатии ноҳиявии (шаҳрии) беҳтарин-  5 000 сомонӣ, Маркази саломатии деҳотии беҳтарини сол  3 000 сомонӣ, дорухонаи беҳтарини сол- 1000 сомонӣ дода мешавад.

Инчунин, беҳтарин табиби соҳаи ҷарроҳӣ —5 000 сомонӣ, беҳтарин табиби соҳаи амрози дарунӣ, беҳтарин табиби оилавӣ ва беҳтарин табиби озмоишгар бо чунин маблағ мукофотонида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0