Рустам Эмомалӣ расман шаҳрдори Душанбе шуд

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Рустам Эмомалиро, ки то кунун сарпарасти шаҳрдории Душанбе буд, расман шаҳрдори пойтахт таъйин кард

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расман шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон таъйин шуд.

Вебгоҳи расмии шаҳрдорӣ Қарори раиси шаҳри Душанберо мунташир карда, ки дар он аз фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №862 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъин намудани Рустами Эмомалӣ» ёд мешавад.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шуд

Бино бар ин Қарор, Маҷлиси вакилони халқи Душанбе дар нишасте, ки 18 апрел баргузор хоҳад шуд, ин фармони нав дар бораи мақоми Рустам Эмомалӣ ва ҳамчунин ваколаташ дар маҷлиси пойтахтро тасвибу таъйид хоҳад кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки Рустам Эмомалӣ дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт, ки 2 апрел баргузор шуда буд, дар ҳавзаи интихоботии шумораи 25 баранда шуд.

Бино ба гузориши раиси Кумисюни интихоботии шаҳри Душанбе, Рустам Эмомалӣ дар ин ҳавза 84,80 дарсад раъй ба даст овард. Рақибони ӯ аз ҳизбҳои демократӣ ва аграрӣ — Ҳикматулло Саидиён ва Фазлиддин Икромов — мутаносибан 2,63 ва 7,81 дарсад раъй гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0