Рустам Эмомалӣ вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шуд

Обуна шудан
Сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ бо касби камубеш 85 дарсад аз раъй барандаи интихоботи миёндавраии Маҷлиси вакилони пойтахт шуд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дирӯз дар пойтахти Тоҷикистон интихоботи намояндагони нави Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин интихобот дар ҳавзаҳои № 25 ва № 62 ба ҷои вакилоне, ки ваколаташон пеш аз муҳлат қатъ шуда буд, намояндагони навро интихоб карданд.

Бино ба иттилоъи раиси комисюни интихоботии шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, дар ҳавзаи №25 сарпарасти шаҳрдории пойтахт Рустам Эмомалӣ бо дарёфти 84,80 дарсад аз раъйҳо баранда шуд. Вай дар ин ҳавза низ ҷойгузини шаҳрдори пешин Маҳмадсаид Убайдуллоев шуд, ки ваколаташ 7 феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони пойтахт пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Дар ин ҳавза бо Рустам Эмомалӣ намояндаи Ҳизби демократӣ Ҳикматулло Саидиён ва Ҳизби аграрӣ Фазлиддин Икромов рақобат доштанд ки ҳар кадом мутаносибан 2,63 ва 7,81 дарсадӣ раъй оварданд.

Дар ҳавзаи №62 намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ Маҳмадсаид Зувайдзода бо 75,11 дарсад раъй баранда шуд. Маъсума Алиева, намояндагони Ҳизби аграрӣ дар ин интихобот 11,6 дарсад ва Фазила Файзуллобекова аз Ҳизби коммунист 8,78 дарсад раъй оварданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Рустам Эмомалӣ 12 январ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон сарпарасти шаҳрдории Душанбе таъйин шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0