Эмомалӣ Раҳмон: равобит бо Русия аз авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст

© Flickr \ Сайт президента РТЭмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон равобит бо Русияро аз авлавиятҳои калидии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номае ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин 25-умин солгарди роҳандозии равобити дипломатӣ миёни ду кишварро табрик гуфт.

Дар ин нома, ки дафтари матбуъотии кишвардории Тоҷикистон матнашро мунташир кардааст, омадааст:

"Муҳтарам Владимир Владимирович,

Санаи хотирмон — 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба ман имкони хуб медиҳад, ки ба Шумо табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринро ирсол намоям.

Тӯли ин чоряк аср муносиботи Тоҷикистон ва Россия тибқи  хатҳои тулӯъкунанда рушд кардаанд, ошкоро будан ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ду кишвар дар ҳамкории мутақобилаи онҳо, чӣ дар заминаи дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрсамта меъёр гардидааст. 

Дар Тоҷикистон ба нақши таърихии Россия дар ҷараёни барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ, инчунин ҳиссаи муҳими он дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат баҳои баланд медиҳанд.

Басо гуворост, ки тӯли солҳои гузашта бо кӯшишҳои муштарак мо ҳамкории  Тоҷикистон ва Россияро, ки ба анъанаҳои қадимии дӯстӣ ва робитаҳои дуҷонибаи мардумони мо асос ёфтаанд,  ба сатҳи нави босифати шарикӣ баровардем. Мо тӯли ин солҳо натиҷаҳои амалии ба даст овардашуда дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо мувофиқро муътабар медонем.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон бо нишони "Дӯстӣ" сарфароз шуд

Тамоми маҷмӯи муносибатҳои байнидавлатиро бо Россия ҳамчун афзалияти калидии сиёсати дохилии худ баррасӣ намуда, мо бо умедҳои нек ба ояндаи қобили мушоҳидаи он нигоҳ мекунем ва ба амалисозии амалҳои пайваста оид ба таҳкими ҳамкории минбаъдаи ду кишвар тибқи қоидаҳои шарикии стратегӣ  устуворона омодаем.

Зимни ин мо онро ба назар мегирем, ки бо мақсади ба муносибатҳои муттаҳидаи мо додани сифати хеле баланд, хусусияти комилӣ ва мутаносибӣ, давом додани корҳо дар тамоми сатҳҳо ҷиҳати ба даст овардани мувозинат миёни паҳлӯҳои ҳамкории дуҷониба- сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, гуманитарӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкории мутақобила муҳим аст. 

Дар робита ба ин мехостам аҳамияти муҳими амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати ба сатҳи татбиқи амалӣ баровардани тавофуқоте, ки чанде пеш   зимни сафари расмии Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, таъкид намоям. Бовар дорам, ки мо якҷоя метавонем иқтидори бузурги ҳамкории мутақобилаи  Тоҷикистон ва Россияро ба манфиати мардумонамон пурра амалӣ намоем».

Ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, тансиҳатӣ, ва дар амалӣ гардидани тамоми нияту мақсадҳои ба таҳкими амният ва таъмини шукуфоии Россияи бузург равонагардида муваффақиятҳои калон, ба халқи дӯсти он — сулҳ, беҳбудӣ ва саодат орзумандам".

Лентаи хабарҳо
0