Сафири Русия дар Тоҷикистон бо нишони "Дӯстӣ" сарфароз шуд

© Страница Посольства РФ в РТ в FacebookСафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Владимир Путин сафири фавқуллода ва мухтори Русия дар Тоҷикистонро бо нишони "Дӯстӣ" сарфароз кард

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро бо нишони "Дӯстӣ" сарфароз кард.

Фармони Путин "Дар бораи эътои нишонҳои давлатӣ" дар вебгоҳи расмии иттилоъоти ҳуқуқӣ ҷой дода шудааст.

"Сафири Фавқуллода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон "барои саҳмгузорӣ дар рушди равобити хориҷии кишвар ва заҳмати фидокоронааш дар солҳои тулонӣ" бо нишони Дӯстӣ сарфарозонида шавад",- омадааст дар фармони Владимир Путин.

Игор Лякин-Фролов аз соли 2013 симати сафирии Русияро дар Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Нишони "Дӯстӣ" яке аз нишонҳои ифтихори давлатии Русия аст ки бо фармони раисҷумҳури ин кишвар ба шаҳрвандони Русия ва кишварҳои хориҷӣ аз барои кору кӯшишу талошҳояшон бо ҳадафи беҳтар кардани равобити Русия бо дигар кишварҳо эъто мешавад.

Чунончи, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон "барои саҳми бузург дар рушди равобити Тоҷикистону Русия, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум миёни мардумони тоҷику рус" бо фармони Владимир Путин бо ордени "Дӯстӣ" қадрдонӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0