ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар ин мулоқот, ки дар Хуҷанд баргузор шуда, Абдураҳмон Қодирӣ ва Сандра Стейс ва ҳайъати ҳамроҳ масъалаи ҳамкориҳои вилоят бо ОБЭА дар заминаи навсозӣ ва таҷҳизи Маркази саратоншиносии Суғд, аз он ҷумла хариду ва роҳандозии томографи компютерӣ ва дастгоҳи нурафкании "ТЕРАБАЛТ", баррасӣ шуданд.
Ба гузориши дафтари матбуъотии устондории Суғд, сохту сози бахши нави бахши нурафкании Маркази саратоншинсии вилоят, ки соли 2014 бо сармоягузории беш аз 2,5 милюн сомонӣ оғоз шуда буд, ба поён расида ва ҳамакнун сохтмонро барои насби дастгоҳи нурафкании "ТЕРАБАЛТ" омода мекунанд. Насбу роҳандозии ин дастгоҳ дар ҳамкорӣ бо коршиносони ОБЭА сурат мегирад ва ҳазинаи он 400 ҳазор евро баровард шудааст.
Дар ин мулоқот раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон масъалаи коромӯзиву донишафзоии саратоншиносони вилоятро дар марказҳои пешрафтаи саратоншиносии ҷаҳон матраҳ кард, ки ҳайъати коршиносони ОБЭА ин пешниҳодро пазируфт.
То ду коршиноси Маркази саратоншиносии вилоят давраҳои омӯзиши корбурди таҷҳизоти нурафканӣ ва нурдармониро дар Донишгоҳи пизишкии шаҳри Каунас (Литва) ва яке ҳам дар шаҳри Маскав гузаронда ва гувоҳинома дарёфт кардаанд.
Ҳайъати коршиносони ОБЭА дар ин мулоқот ҳамчунин гузорише аз иқдомҳои масъулини вилоят дар пешгирӣ аз таҳдиди вопошии ҳастаӣ, аз ҷумла пӯшонидани партовгоҳи минтақаи Деҳмоҳӣ, аз ҳукумати вилоят дарёфт карданд.