Тоҷикистон ва Узбакистон масоъили ҳавонавардиро ҳаллу фасл карданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкҲавопаймо, акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд тарҳи қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Узбакистон тарҳи қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ миёни пойтахтҳои ду кишварро баррасӣ карданд. 

Бино ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, музокироти ин ниҳодҳо дар Тошканд баргузор шудааст.

Ин қарордод заминаи қонуниро барои роҳандозии парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар омода мекунад.

Ҳавопаймои ширкати ЮТэйр - Sputnik Тоҷикистон
Мамнуъияти парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон аз 6 апрел иҷроӣ мешавад

Пештар, ширкати мусофирбарии ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" нахустин парвоз дар масири Тошканд — Душанберо, ки мебоист фардо, 4 апрел анҷом шавад, лағв карда буд.

Хабаргузории РИА Новости аз қавли намояндаи ин ширкат хабар дод, ки ин парвоз ба далели "камбуди мусофир" лағв шудааст. 

"Парвозе, ки қарор буд 4 апрел анҷом шавад, ба далели камбуди мусофир лағв шуд", — гуфт намояндаи ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ".

Ёдоварӣ мешавад, ки ин ширкат дар поёни моҳи феврал эълон карда буд, ки аз 4 апрел парвозҳои паёпай миёни Тошканду Душанберо оғоз мекунад ва ҳафтае ду парвоз хоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0