Ҳайъати Тоҷикистон барои ҳалли баҳси ҳавонавардӣ ба Маскав меояд

© Sputnik / Антон ДевяткинФурудгоҳи Жуковский
Фурудгоҳи Жуковский - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз намояндагони Вазорати таробарии Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҳавонавардии тоҷик барои гуфтушунид дар масъалаи мусофирбарии ҳавоӣ ба Маскав меоянд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳайъате аз Вазорати таробарӣ ва идораи ҳавонавардии Тоҷикистон ва барои музокирот бо тарафи Русия дар мавзуъи мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишвар  ба Маскав меояд.

Пештар вазири таробарии Русия Максим Соколов гуфта буд, ки Русия барои гуфтушунид ба Тоҷикистон даъватнома равон кардааст.

"Ҷониби Русия дар бараи бекор шудани манъи парвозҳои "Сомон Эйр" чизе ҷавоб надода, танҳо моро ба гуфтушунид даъват кард.  Агар ҷониби Русия лағви парвозҳои моро бекор кунад, пас мо ҳам дигар парвозҳои ширкатҳои русиро манъ нахоҳем кард ",- гуфтааст манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Бино бар гузориши РИА Новости манбаъ афзудааст: "Мо ба ҷониби Русия се рӯз мӯҳлат додем, агар онҳо парвозҳои ширкати ҳавоии "Сомон Эйр"-ро боз накунанд, пас мо ҳам аз 6-уми парел ба ду ширкати русӣ парвозро ба Тоҷикистон манъ мекунем".

Ҳавопаймои ширкати ЮТэйр - Sputnik Тоҷикистон
Мамнуъияти парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон аз 6 апрел иҷроӣ мешавад

Ёдовар мешавем, ки пештар як масъули Вазорати таробарии Тоҷикистон созмони ҳавонавардии кишварии Русияро муттаҳам ба нақзи қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ кард.
Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, ин масъули Идораи ҳавонавардии кишварӣ, гуфта, ки номаи Вазорати таробарии Русия дар бораи маҳдудсозии парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" чанде пеш дарёфт шудааст.

Ин масъул, ки номаш оварда нашудааст, афзудааст: "Дар чорчӯби иҷрои протоколи нишасти комисюни байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки моҳи январи соли равон баргузор шуд, ширкати ҳавопаймоии "Ямал" раводиди анҷоми парвоз дар масирҳои Жуковский — Душанбе — Жуковский ва Жуковский — Хуҷанд — Жуковский дар мавсими тобистон, яъне аз поёни моҳи апрелро, дарёфт кард".

Вай гуфт, "Русия бо маҳдуд кардани парвозҳои ширкати мусофирбарии "Сомон Эйр" қарордоди мусофирбарии ҳавоиро нақз кард".

Чуноне ки пештар хабар дода будем, Вазорати таробарии Русия аз соати 05:30 UTC 3 апрел парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Душанбе (4 парвоз дар ҳафта) ва аз Хуҷанд (3 парвоз дар ҳафта) маҳдуд хоҳад кад.

Лентаи хабарҳо
0