Хуршеда Ҳамроқулова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз номи тамоми тоҷикон ба сокинони Санкт-Петербург ва Русия ҳамдардии хеш ва аҳли "Маркази фарҳангии тоҷикон"-ро байн намуд.
"Рӯзи гузашта дар таркиши метрои Петербург даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта, беш аз 10 нафар қурбон шуданд. Тамоми Русия аз шунидани ин хабар ба таҳлука афтод",- изҳор дошт вай.
Ӯ амали нафаронеро, ки боиси марг ва ҷароҳати сокинони осоишта гардидаанд, маҳкум намуда, кори ваҳшиёна номид.
Вай дар изҳороти худ мардумони Тоҷикистон ва Русияро муттаҳидоне номид, ки тавонистаанд бар фашизм пирӯз шаванд ва умедвор шуда ки бар терроризм низ чира хоҳанд шуд.
"Бидуни шакк пушти ин нафарон сармоягузорони бузурге меистанд, ки мақсади онон барҳам додани иттиҳоди миллатҳои гуногуни Русия мебошад", — таъкид кард роҳбари маркази фарҳангӣ.
Хонум Ҳамроқулова ба сокинони шаҳри Санкт-Петербург ва хонаводаҳои осебдидагон ҳамдардии амиқи худро баён кард.
"Аҳли созмони иҷтимоъиву минтақаии "Маркази фарҳангии тоҷикон" ва аъзои Академияи байналмилалии ваҳдати руҳонӣ ва равобити мардумони ҷаҳон ба сокинони шаҳри Петербург ва тамоми Русия ҳамдардии худро баён мекунад", — изҳор дошт вай.
Вай ҳамчунин ба кулли ҷаҳониён сулҳу суботро орзу кард.
"Мо омода ҳастем барои мубориза бо ин гуна падидаҳои зиёнбор ҷаҳд кунем ва ҷаҳонро пок созем. Худованд кушташудагон дар ин инфиҷорро раҳмат кунад ва захмиёнро дармон диҳад", — дуъо кард дар охир раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав Хуршеда Ҳамроқулова.