Омили инфиҷор дар метрои Петербург эҳтимолан муҳоҷире аз Осиёи Марказӣ будааст

© Sputnik / Виктория Виатрис / Гузариш ба медиабонкИнфиҷор дар метрои Санкт-Петербург
Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар конуни инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург ҷасади як муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ёфт шуд ки гумон меравад вагонро тарконда бошад. Вале ҳануз далеле дар даст нест ки собит кунад ӯ "теруристи интиҳорӣ" будааст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дирӯз, 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, дар роҳи миёни истгоҳҳои "Сенная плошад" ва "Технологический институт — 2" инфиҷор рух дод.

Бино бар охирин омор, дар ин инфиҷор 11 кас кушта ва 45 кас захмӣ шудааст.

Кумитаи бозҷӯии Русия ин инфиҷорро "амалиёти теруристӣ" хонда ва авомилу шароити онро бозҷӯӣ дорад.

Муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ

Дар вагоне ки конуни инфиҷор буд, ҷасади як муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ низ ёфт, ки гумон меравад омили инфиҷор буда бошад. Вале бозҷӯён ҳануз далеле дар даст надоранд ки собит кунад ҳамин муҳоҷир худро тарконда бошад.

Як манбаъ дар неруҳои интизомӣ ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст ки бозҷӯён дигар авомилу шароитро ҳам пайгирӣ мекунанд.

Бархе аз расонаҳо гузориш додаанд, ки гӯё худкуше ки вагонро тарконда аст, муҳоҷире аз Қирғизистон будааст. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ин иттилоъро таъйид карда ва эълом кардааст, ки омили эҳтимолии инфиҷор, бар асоси мадорику шавоҳиди аввалия, Акбарҷон Ҷалилов ном касест ки соли 1995 дар шаҳри Ӯш зода шудаву шаҳрванди Қирғизистон буда, вале шаҳрвандии Русияро низ доштааст.

 

Ин ниҳод эълом карда ки ниҳодҳои иттилоъотиву амниятии Русия дар заминаи бозҷӯии авомили қазияи инфиҷор ҳамкорӣ мекунад.      

Лентаи хабарҳо
0