ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федеросюнҳои варзишҳои гуногун муваззаф шудаанд, ки дар давоми як моҳ "Ойинномаи одоби варзиш"-ро таҳияву барои таъйид пешниҳод кунанд.
Дар бораи ин Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон, дар мусоҳибае, ки дар вебгоҳи ин ниҳод мунтариш шудааст, хабар медиҳад.
Вай афзуд, ки ҳамзамон ҳама омӯзишгоҳҳову федеросюнҳои варзишӣ муваззаф шудаанд дар ростои беҳбуди одоби варзишгарон ва пешакории доварон миёни дастпарварони худ рӯшангарӣ кунанд ва натоиҷи корро ба Кумита гузориш диҳанд.
"Муҳимтар аз ин ҳама, бар асоси дастури раҳбарии Кумита мо масъулини соҳа муваззаф шудаем, ки дар давоми як моҳ Қоидаҳои одоби варзишгарро таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳайати мушовараи Кумита пешниҳод намоем", — гуфтааст Дилшод Назаров.
Вале ба ақидаи ӯ, на ҳама аз танзими қоидаҳои варзишӣ пуштибонӣ хоҳанд кард. "Албатта танзими ҷиддӣ ва куллан ба роҳ мондани риояи қоидаҳои варзиширо баъзеҳо намехоҳанд, чунки барои осон соҳиб шудан ба мартабаи варзишӣ одат кардаанд.
Баъзан сахтгириҳо низ ба гурӯҳи муайян маъқул нест. Вале, имрӯз мо шоҳиди зина ба зина ва батадриҷ ба низом даровардани соҳаи варзиш ва баланд шудани сатҳи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ шуда истодаем.
Мо масъулини соҳа, мураббиён ва мухлисон бояд дар доираи сиёсати варзишӣ на танҳо ҷаҳонпаҳлавон, балки ҷавонмарду инсони соҳибмаърифатро тарбия намоем. Дар ҳолати имрӯз ин қарзи мукаддаси соҳаи варзиши мамлакат мебошад".
Чуноне ки пештар хабар дода шуда буд, Комроншоҳ Устопириён дар фарҷоми мусобиқаи куштие, ки 23 март дар Наврӯзгоҳи Душанбе баргузор шуд, ба нишони эътироз аз натоиҷи зӯрозмоӣ бо ишораи даст дашном дода буд. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет мунташир шуд. Гуфта мешуд, варзишкор довари асосии мусобиқоти куштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо расонаҳо гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд.
Бино ба иттилоъи вебгоҳи расмии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ дар ҷаласаи корие ки 27 март баргузор шуда, дар баробари дигар масоъил ин рафтори Комроншоҳ Устопириён низ баррасӣ шуда ва бино ба тасмими ин Кумита ӯ аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ширкат дар мусобиқаҳои маҳаллӣ, минтақаӣ ва кишварӣ барканор шудааст.