Дилшод Назаров шаҳрванди ифтихории Душанбе эълон шуд

© REUTERS \ Kai PfaffenbachДилшод назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-2016. Акс аз бойгонӣ
Дилшод назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-2016. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 Дилшод Назаров соҳиби манзили зисти нав шуда, “Шаҳрванди ифтихории Душанбе” эълон гардид

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе ба варзишгари номии тоҷик, қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров калиди манзили зист тақдим кард, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Дилшод Назаровро бо 300 ҳазор сомонӣ ва ордени "Шараф" дараҷаи-1 қадрдонӣ кард. Як сол қабл Назаров ордени Шараф дараҷаи 2-ро гирифта буд.

Дилшод Назаров бо ҳамсараш Нигина - Sputnik Тоҷикистон
Нашри китоб дар васфи қаҳрамони варзиши тоҷик Дилшод Назаров

Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78.68 метр ҳаво дод, ки нишондиҳандаи беҳтарини ин сабқат буд. Ӯ аз миёни ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба Рио роҳхат гирифтанд, танҳо нафаре буд, ки нишони тиллоии олимпиро ба даст овард. Намояндаҳои дигари Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ноком шуданд.

Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Ӯ хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон (2006) мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0