Ҳафтаи гузашта дар ин боғ Наврӯзро бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд. Ҳар як гӯшаи боғро бар пояи суннатҳои мардумони гуногун оро дода буданд. Меҳмонон бо шеваҳои ҷашнгирии Наврӯз дар миёни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ошно шуданд.
Боғи мардумшинохтии "Этномир" дар ҳудуди 140 гектар замин дар вилояти Калуга ҷойгир шудааст. Дар ин боғ на танҳо ғурфаҳои намоишии суннатӣ, балки хонаҳову кӯшкҳои бузурги мардумони Русия ва ҷаҳон сохта шудаанд.
Вале бунёдгузори ин боғ Руслан Байрамов бар он аст, ки рушди ҳаматарфаи боғ ва осорхона дар он вақт муяссар мешавад, ки агар ҳукумати ин ё он кишвар ба ин таваҷҷуҳ дошта бошад.
Наврӯз — ҷашни оғози соли нави нуҷумӣ дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз он ҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд. Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.