ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сарояндаи номдори тоҷик Таҳмина Ниёзова дар саҳифаи расмии фейсбуки худ видиоеро нашр намуд, ки дар он сароянда ба пухтани хӯроки асосии Наврӯзӣ-суманак машғул аст.
"Барои ҷашни Наврӯз суманак мепазам. Ҳангоми кофтани суманак кас бояд дар дил нияти нек кунад",-навиштааст сароянда дар саҳифаи худ.
Тахмина Ниёзова-ҳунарманди тоҷик, ки дар жанри поп суруд мехонад, 14-уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе дар оилаи мусиқачиён ба дунё омадааст.
© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки ТаҳминаТахмина Ниёзова
Тахмина Ниёзова
© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки Таҳмина
Соҳиби ду маълумоти олӣ мебошад-рӯзноманигор ва иқтисодчӣ. Дар айни ҳол аспиранти донишгоҳи Волгогради Русия мебошад. Таҳмина баъди пирӯзӣ дар озмуни байнулмилалии "Панҷ ситора. Интервидение" байни ҳаводорони созу суруд машҳур шуд.