ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сергей Харитонов, узви пешини дастаи мунтахаби муштзанони Тоҷикистон, дар феҳристи нави беҳтарин размикорони ҷаҳон дар ҷойгоҳи 55-ум қарор гирифт.
Дар муқоиса бо феҳристи пешин Харитонов ду зина пойин омадааст. Размикори рус Федор Емеляненко дар феҳристи беҳтарин размикорони сангинвазни ҷаҳон ҷойгоҳи 29-умро аз худ кардааст.
Ҷойгоҳи аввалро дар ин феҳрист варзишкори амрикоӣ Стипе Миочич, қаҳрамони UFC, гирифтааст. Дар ҷойгоҳи дувум намояндаи Бразилия Фабрисио Вердум ва дар мақоми сеюм варзишкори ҳуландӣ Алистар Оверим қарор гирифтанд.
Феҳристи Fightmatrix низ чун рейтинги ФИФА раддабандӣ мешавад. Дар сурати пирӯз шудан бар ҳамоварди зӯртар размикор имтиёзи бештар мегирад. Вале пирӯзӣ бар ҳамоварди камзӯртар ё имтиёзи камтар меорад ва ё ҳеч имтиёзн ба размикор намедиҳад.