ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии ҶТ, ин ҷашнвора-озмун ба муносибати "Соли ҷавонон" баргузор мешавад.
Ҷашнвора-озмун ду рӯз, 29 ва 30-юми март дар фарҳангсарои ҷавонон "Ориёно" баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар озмунҳои ин ҷашнвора беш аз 70 ҷавони ҳунарманду боистеъдод ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Озмунро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо баргузор мекунад.