Убайдуллоев барои густариши низоми маҷлисмеҳварӣ бо нишон қадрдонӣ шуд

© Фото : сайт МПА СНГВалентина Матвиенко ба Убайдуллоев нишони фахрӣ дод
Валентина Матвиенко ба Убайдуллоев нишони фахрӣ дод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нишони ифтихории Шурои федеросюни маҷлиси қонунгузори Русия дар маросиме вижа ба раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев эъто шуд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Раиси Шурои федеросюни Русия Валентина Матвиенко раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо нишони ифтихории "Барои густариши низоми порлумонӣ" сарфароз кард.  

Бино ба иттилоъи равобити умумии Маҷмаъи байнулмаҷолиси Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд, ки раёсати онро Валентина Матвиенко бар уҳда дорад, ин маросим 27 март дар чорчӯби нишасти бузургдошти 25-умин солгарди бунёди ин ниҳод дар бунгоҳи он шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда буд.

Валентина Матвиенко дар дидор бо Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, ҳайъати маҷлиси Тоҷикистон дар кори ин Маҷмаъ бисёр фаъолона ширкат мекунад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин дидор гуфт: "Солҳои ахир бархе тасмимоте гирифта шуданд, ки фаъолияти Маҷмаъи байнулмаҷолиси Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсудро беҳтар мекунанд".

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки маҷлиси Тоҷикистон фаъолияти Маҷмаъро судманду мусбат арзёбӣ мекунад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев 25 март бо як сафари панҷрӯза ба манзури ширкат дар нишасти бузургдошти 25-умин солгарди бунёди Маҷмаъи байнулмаҷолиси Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ба даъвати Валентина Матвиенко ва раиси Маҷмаъи байнулмаҷолиси Созмони паймони амнияти ҷамъӣ Вячеслав Володин ба Русия сафар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0