Тоҷикони Қазоқистон Наврӯзро ҷашн гирифтанд

© SputnikНаврӯз дар Душанбе
Наврӯз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон 21-23 марти соли 2017 дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ барномаи муштарак ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати умури хориҷаи ҶТ, сафорат ва сарконсулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳамчунин дар назар доранд 30 март Наврӯзро дар шаҳри Олмотӣ ҷашн гиранд.

Гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат, соҳибкорон ва аҳли фарҳангу ҳунари шаҳри Хуҷанд бо даъвати ҳукумати Чимканд 22 март ба ин шаҳр рафта ва дар барномаҳои наврӯзии он ширкат карданд. Ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ҳамчунин 23 март дар ноҳияи Сариоғоч низ барномаи фарҳангӣ иҷро карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Наврӯзро ба ҳамтаборони бурунмарзӣ табрик гуфт ва онро "таҷассумгари оғози ҳаёти нав, умеду орзӯҳои нав, ҳифзи сулҳу салоҳ дар зиндагии ҷомеаи муосири байналмилалӣ" хонд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷашни Наврузро пешвоз гирифт - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯзи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав: меҳмонони хориҷиро ошиқи атлас ва оши палав кард

Чимканд маркази вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ аст ки дар он беш аз 42 ҳазор тоҷик аз дер боз зиндагӣ ба сар мебаранд. Ҳамакнун дар ин вилоят 12 мактаби тоҷикӣ фаъол аст.

Ҳайъати хуҷандӣ аз мактаби тоҷикии ба номи Б. Ғафуров дар ноҳияи Сариоғоч, ки дар он 895 донишомӯз таҳсил мекунад, боздид кард ва китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ барояшон ҳадя дод.

 - Sputnik Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0