ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон размоиши муштарки нерӯҳои мусалаҳи Тоҷикистону Русия оғоз шуд, ки то 30 март идома хоҳад дошт.
Дмитрий Попов дар суҳбат бо родю Sputnik гуфт: "Басомади размоишҳои пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон бештар шудааст. Афзоиши тавони низомӣ вокуниш ба раванди нохушояндест ки ин авохир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва вилоятҳои шимолии он кишвар мушоҳида мекунем".
"Нерӯҳое ки нисбат ба Тоҷикистон нияти бад доранд, бояд бидонанд, ки пойгоҳи Русия нерӯе муҳибест, ки қудраташ рӯз аз рӯз афзунтар мешавад", — таъкид кард вай.
Ин коршинос муътақид аст, ки душманони Тоҷикистон бояд аз нерӯи пойгоҳи 201 ҳарос дошта бошанд.