Низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар панҷ размоишгоҳ бо "теруристҳо" пайкор мекунанд

© SputnikНизомиёни тоҷик дар размоишгоҳи Лоҳур, Пойгоҳи низомии 201
Низомиёни тоҷик дар размоишгоҳи Лоҳур, Пойгоҳи низомии 201 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар размоиши муштараки низомиёни Русия ва Тоҷикистон сарбозони нерӯҳои пиёдаву ҳавобурд ва нерӯҳои ҳавоӣ ширкат хоҳанд кард

 

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуъотии Минтақаи марказии низомии Русия, ин размоиши густарда  рӯзҳои 27-30 март дар панҷ размоишгоҳ баргузор хоҳанд шуд.

Низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар се размоишгоҳи вазорати дифоъи ҶТ — "Ҳарбмайдон", "Мумирак" ва "Ҳалқаёр" ва дар ду размоишгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия — "Лоҳур" ва "Сумбула" набарду пайкор бо гурӯҳҳои теруристиро тамрин хоҳанд кард.

Низомии тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва Амрико размоиш баргузор мекунанд

Пештар хабар дода шуда буд, ки размоиши нерӯҳои Тоҷикистону Русия дар ҳафт размоишгоҳ дар қаламрави вилояти Хатлон баргузор шуда ва дар он 50 ҳазор сарбозу афсар ва нерӯҳои захира аз Артиши миллии Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомии Русия ширкат хоҳанд кард. Дар ин размоиш нерӯҳои зиреҳӣ, оташбор, ҳавопаймоҳои ҷанганда ва таробарӣ ба кор гирифта хоҳанд шуд.

Ҳамзамон бо размоиши нерӯҳои низомии Русияву Тоҷикистон қарор аст размоиши нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва низомиёни Амрико низ баргузор мешавад. Дар ин размоиш, ки аз 27 март то 7 апрел баргузор мешавад, 150 намоянда аз вазорати дифоъи ИМА ва 100 намоянда аз нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0