“Pamir Energy” номзади ҷоизаи байнулмилалии “Ashden Awards” шуд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкИстгоҳи барқӣ. Акс аз бойгонӣ
Истгоҳи барқӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Pamir Energy" барои дарёфти ҷоизаи байнулмилалӣ дар заминаи энержӣ бо 22 ширкат рақобат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ширкати "Pamir Energy" барои дарёфти ҷоизаи "Ashden Awards" дар бахши "судмандтарин дастовардҳо дар заминаи энержии пойдор" бо 22 ширкати дигар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Чуноне ки вебгоҳи расмии ин озмун иттилоъ медиҳад, "ширкатҳое ки имсол барои дарёфти ин ҷоиза номзад шудаанд, тарҳҳои бузургеро дар заминаи дастрасии осон ба нерӯи барқ дар Тоҷикистон, Непол, Африкои Шарқӣ ва Ғарбӣ, Ҳиндустон, Чин ва Малайзия иҷро кардаанд".

Pamir Energy дар бахши "афзоиши дастрасӣ ба энержӣ" ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Хатти нерӯи барқ. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
$600 ҳазори Швейтсария барои бунёди хатҳои интиқоли барқи Бадахшон

"Ширкати "Pamir Energy" 11 нерӯгоҳи барқи обиро бозсозӣ ва 4,3 килуметр сими интиқоли барқро дар шарқи Тоҷикистон навсозӣ карда ки дар натиҷа дастрасии 96 дарсад аз хонаводаҳоро ба қувваи барқ таъмин намудааст".

Ҷоизаи созмони хайрияи бритонии "Ashden Awards" ҳар сол барои дастовардҳои бузург дар заминаи энержӣ эҳдо мешавад.

Номи ширкатҳои пирӯзшуда дар бахшҳои гуногун расман 15 июни соли 2017 эълом карда мешаванд. Ҳар яке аз ин ширкатҳо ҷоизаи нақдӣ ба арзиши 20 ҳазор фунт стерлинг дарёфт хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0