ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Бино ба пешбиниҳои Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, дар вилоятҳои Хатлону Суғд дар ин рӯзҳо борон пешбинӣ шуда, вале дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барф хоҳад борид.
Бориши барф ҳамакнун баргузории ҷашнҳои наврӯзиро дар маркази ноҳияи Рӯшон зери суол гузоштааст. Сокинони ин ноҳия мегӯянд, дирӯз, 21-уми март, онҷо барфи бисёре боридаву гирду атрофро пур кардааст.
"Ҳарсола барномаи аслии Наврӯз дар деҳаи Бар-Рӯшон баргузор мешавад, чун майдони нисбатан калоне дорад. Мардуми аз дигар рустоҳои Рӯшон ҳам барои ҷашнгирии Наврӯз ба ҳамин деҳа меоянд".
Вале имсол баргузории ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Рӯшон зери суол мондааст. Яке аз сокини ноҳияи Рӯшон, Ҷамила, дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, мардуми ноҳия ҷашни Наврӯзро ё фардо ё пасфардо баргузор мекунанд.
"Баргузории ин ҷашн акнун ба боду ҳаво вобаста аст. Гарчи дар рустоҳо Наврӯзро ҷашн гирифтаанд, вале торихи дақиқи баргузории Наврӯз дар маркази ноҳияи ҳануз маълум нест", — гуфт вай.
Вазъ дар дигар ноҳияҳои ВМКБ низ чунин аст. Чунончи, бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 21 март дар паи бориши барф дар ноҳияи Шуғнон тарма фаромадаву роҳро баста аст. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки ситодҳои ин Кумита ҳамакнун машғул ба поксозии ин тарма ҳастанд ва роҳро ба як сӯ боз кардаанд.
Ин Кумита ҳамчунон аз хатари фаромадани тарма дар кӯҳистонҳо ҳушдор дода ва аз шаҳрвандон хоста, то дар ин рӯзҳо аз рафтан ба кӯҳ ва сафар ба минтақаҳои дур худдорӣ кунанд.
Наврӯз яъне рӯзи нав, ҷашни оғози соли нав аст ки мардумони эронитабор аз дер боз дар рӯзи баробар шудани шабу рӯз дар баҳор баргузор мекунанд. Наврӯзро ҳамчунин бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.
Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.