Борон, барф ва шамол: боду ҳавои Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашнӣ

© Sputnik / Амир ИсаевБорони Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Борони Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар тамоми манотиқи кишвар дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз, ҳавои тайирёбанда ва бориши борон пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар, дар қаламрави Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳавои тағйирёбандаи боронӣ дар назар аст.

Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 17 дараҷа гарм шуда, борон меборад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво то 12-14 дараҷа гарм мешавад. Бориши борон пешгӯӣ шуда, шамол дар як сония то 20 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона то 2-4 дараҷа гамр мешавад. Дар ин минтақа ҳамчунин бориши барф пешгӯӣ мешавад.

Ҷашни Наврӯз дар Нюйорк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Наврӯз ҷашни исломӣ нест, вале дар даврони Шӯравӣ мамнӯъ буд

Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 17-19 дараҷа гамр мешавад. Дар ин минтақа низ бориши борон дар назар аст.

Имсол Наврӯзи Тоҷикистон чор рӯз-аз 21 то 24-уми март ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд. Барномаҳои аслии Наврӯзӣ,  имсол дар шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Чанде пеш сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи оташбозӣ дар рӯзи ҷашн дастур дод.

Интизор меравад, ки 21-уми марти соли 2017 дар поёни барномаҳои наврӯзӣ аз соати 19:00 то соати 21:00 маросими вижаи оташбозӣ баргузор мешавад ки таи он аз ҳафт бурҷи шаҳри Душанбе бо фосилаи 5 дақиқа аз тӯпҳо оташ шиллик хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0