https://sputnik.tj/20170319/nawruz-mamnu-shurawi-1021885146.html
Коршинос: Наврӯз ҷашни исломӣ нест, вале дар даврони Шӯравӣ мамнӯъ буд
Коршинос: Наврӯз ҷашни исломӣ нест, вале дар даврони Шӯравӣ мамнӯъ буд
Sputnik Тоҷикистон
Ба қавли дотсенти Донишгоҳи миллии АвруОсиё ҷашни байналмиллалии Наврӯз (21-уми март)-Соли нави мардуми эронитабор ва туркзабон тадриҷан маънои нави ахлоқӣ... 19.03.2017, Sputnik Тоҷикистон
2017-03-19T14:26+0500
2017-03-19T14:26+0500
2021-04-19T16:22+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102168/60/1021686080_0:0:1600:904_1920x0_80_0_0_1b649f3f56c411e28863f944fe169df1.jpg
озарбойҷон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2017
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102168/60/1021686080_0:0:1600:1006_1920x0_80_0_0_467808a6e51dab59c878fb6a259e391d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, озарбойҷон, айнур нагаева, таърих, наврӯз-2017, дар тоҷикистон
фарҳанг, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, озарбойҷон, айнур нагаева, таърих, наврӯз-2017, дар тоҷикистон
Коршинос: Наврӯз ҷашни исломӣ нест, вале дар даврони Шӯравӣ мамнӯъ буд
14:26 19.03.2017 (Навсозишуда: 16:22 19.04.2021) Ба қавли дотсенти Донишгоҳи миллии АвруОсиё ҷашни байналмиллалии Наврӯз (21-уми март)-Соли нави мардуми эронитабор ва туркзабон тадриҷан маънои нави ахлоқӣ касб мекунад
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Айнур Нагаева коршиноси Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н.Гумилев мегӯяд, ки гарчанде иди Наврӯз бо дини ислом рабте надорад, вале дар даврони Шӯравӣ ҷашнгирии он мамнӯъ буд.
Ин ҷашни миллӣ буда, ба дини ислом рабте надорад. Пайдоиши Наврӯз ба давраҳои пеш аз ислом рост меояд. Наврӯз дар рӯзи баробаравии шабу рӯз қайд карда мешавад.
Айнур Нагаева дар сӯҳбат бо Sputnik Озарбойҷон мегӯяд, ки иди Наврӯз ҷашни дӯстӣ аст: "Ин ҷаши бисёр қадима аст ва таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дорад. Аз аввал Наврӯз рамзи бедоршавии табиатро дошт. Яъне дар навбати аввал ин ҷашни баҳор аст. Тадриҷан ин ҷашн маънои фарохтар гирифта, ба анъана ва фарҳанги миллатҳои гуногун бадал шуд".
"Ин ҷашни муҳаббати инсон нисбати табиат аст. Сарфи назар аз он,ки Наврӯз иди исломӣ набуда, пайдоиши он ба давраҳои бисёрхудоӣ рост меояд, дар даврони Шӯравӣ ҷашнгирии он мамнӯъ буд. Ва муддати тӯлонӣ мо имкон надоштем, ҷашни Наврӯзро қайд кунем".