Ин маросимро сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ифтитоҳ кард.
Маҷмуъаи арӯсакҳои Азза Қаноат беш аз 100 лухтакро дар бар мегирад, ки аз соли 1990 то кунун офарида шудаанд. Ин нигоргару лухтаксози номдор дар ин маросим таъкид кард, ки маҳсули эҷоди худро ба касе нафурӯхта, вале чун туҳфа ба бисёр касон тақдим кардааст. Расм бар ин аст ки ҳар касе ки арӯсаке ҳадя гирифтааст, акси онҳоро барои созандаашон мефиристанд.
Азза Қаноат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ёдовар шуд, ки якчанд лухтакашро ба Ҳунарманди мардумии ИҶШС Малика Собирова бахшидааст.
"Ман аз ҳама хоҳиш мекунам, ки аксҳои онҳоро бароям бифристанд. Аз инҷост ки имрӯз ман аксҳои лухтакҳоямро бо манзараҳои Русия, Фаронса, Олмон, Итолиё ва дигар кишварҳо дорам".

Ҳар як лухтак маҳсули дасти Азза Қаноат буда, хусусиятҳои фарқкунандаи худро дорад.

Лухтакҳои омоданамудаи Азза Қаноат аз дигарон фарқияти бузург доранд.

Азза Қаноат намяндагони миллатҳои гуногунро бо лухтакҳояш нишон медиҳад.

Хусусияти аслии фарқкунандаи лухтакҳои Азаа Қаноат ин нишон додани хислати ҳар персонаж мебошад.

Зебосанамҳои тоқик бо либосҳои миллӣ.

Лухтакҳои одаммонанд: ифтитоҳи намоишгоҳи лухтаки Азза Қаноат дар Душанбе

Лухтакҳои одаммонанд: ифтитоҳи намоишгоҳи лухтаки Азза Қаноат дар Душанбе

Маҳсули эҷодии Азза Дзарасти-Қаноат, ягона лухтаксози Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон машҳур ҳаст.