Ин маросимро сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ифтитоҳ кард.
Маҷмуъаи арӯсакҳои Азза Қаноат беш аз 100 лухтакро дар бар мегирад, ки аз соли 1990 то кунун офарида шудаанд. Ин нигоргару лухтаксози номдор дар ин маросим таъкид кард, ки маҳсули эҷоди худро ба касе нафурӯхта, вале чун туҳфа ба бисёр касон тақдим кардааст. Расм бар ин аст ки ҳар касе ки арӯсаке ҳадя гирифтааст, акси онҳоро барои созандаашон мефиристанд.
Азза Қаноат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ёдовар шуд, ки якчанд лухтакашро ба Ҳунарманди мардумии ИҶШС Малика Собирова бахшидааст.
"Ман аз ҳама хоҳиш мекунам, ки аксҳои онҳоро бароям бифристанд. Аз инҷост ки имрӯз ман аксҳои лухтакҳоямро бо манзараҳои Русия, Фаронса, Олмон, Итолиё ва дигар кишварҳо дорам".
© Sputnik Ҳар як лухтак маҳсули дасти Азза Қаноат буда, хусусиятҳои фарқкунандаи худро дорад.
Ҳар як лухтак маҳсули дасти Азза Қаноат буда, хусусиятҳои фарқкунандаи худро дорад.
© Sputnik Лухтакҳои омоданамудаи Азза Қаноат аз дигарон фарқияти бузург доранд.
Лухтакҳои омоданамудаи Азза Қаноат аз дигарон фарқияти бузург доранд.
© Sputnik Азза Қаноат намяндагони миллатҳои гуногунро бо лухтакҳояш нишон медиҳад.
Азза Қаноат намяндагони миллатҳои гуногунро бо лухтакҳояш нишон медиҳад.
© Sputnik Хусусияти аслии фарқкунандаи лухтакҳои Азаа Қаноат ин нишон додани хислати ҳар персонаж мебошад.
Хусусияти аслии фарқкунандаи лухтакҳои Азаа Қаноат ин нишон додани хислати ҳар персонаж мебошад.
© Sputnik Лухтакҳои одаммонанд: ифтитоҳи намоишгоҳи лухтаки Азза Қаноат дар Душанбе
Лухтакҳои одаммонанд: ифтитоҳи намоишгоҳи лухтаки Азза Қаноат дар Душанбе
© Sputnik Лухтакҳои одаммонанд: ифтитоҳи намоишгоҳи лухтаки Азза Қаноат дар Душанбе
Лухтакҳои одаммонанд: ифтитоҳи намоишгоҳи лухтаки Азза Қаноат дар Душанбе