Маскав ба конфронс оид ба масоили Афғонистон Амрикоро низ даъват кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкКремл, акс аз бойгонӣ
Кремл, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маскав аз ҳамаи кишварҳо даъвар намуд, ки дар ин вохӯрӣ иштирок кунанд ва аллакай Кобул тасдиқ намудааст, ки иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik.14-уми апрел дар Маскав оид ба масоили Афғонистон конфронс баргузор мешавад. Дар ин бора ба РИА Новости машваратчии президенти Афғонистон оид ба амнияти миллӣ Муҳаммад Ҳаниф Атмар хабар додааст.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Афғонистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангҳай ширкат мекунад

Қайд карда мешавад, ки дар конфронс 12 кишвар, аз ҷумла Амрико иштирок хоҳанд намуд.

Чуноне ки ҳамсӯҳбати оҷонсӣ хабар додааст, Кобул аллакай иштироки худро дар он тасдиқ намудааст.

Муҳаммад Ҳаниф Атмар аз Русия барои  кӯшишҳои бунёди ин ҳамкориҳои минтақавӣ ва мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон  миннатдор гашт.

Қайд карда мешавад, ки Вашингтон низ барои иштирок дар ин конфронс даъват  шуд. Чуноне ки Атмар изҳор дошт, "ИМА ба Афғонистон ҳамкори муҳим ба ҳисоб меравад".

Нақши онҳо дар ташкил намудани кӯшишҳо дар раванди сулҳ дар Афғонистон марказист, барои ҳамин мо ба Русия барои даъвати Амрико сипос мегӯем, қайд кард ӯ.

Лентаи хабарҳо
0