ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ашраф Ғанӣ дар ин суҳбати телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев таъйид кард, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангҳай дар Остона ширкат хоҳад кард.
Кишвардорони Афғонистон ва Қазоқистон ҳамчунин дурнамои равобити миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Тарафҳо раванди иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар паи сафари Ашраф Ғанӣ ба Остона дар соли 2015 имзо шуда буданд, қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Сарони ин ду кишвар ҳамчунин аз афзоиши чашмгири ҳаҷми гардиши миёни Афғонистон ва Қазоқистон ёд карданд. Бо таваҷҷуҳ ба раёсати Қазоқистон дар Кумитаи Шурои амнияти Созмони миллал дар умури Афғонистон, Нурсултон Назарбоев ва Ашраф Ғанӣ ҳамчунин авзоъи кунунии Афғонистонро низ баррасӣ карданд.
Ёдоварӣ мешавад ки нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангҳай 8 — 9 июн дар Остона баргузор хоҳад шуд.